Feeds:
Записи
Комментарии

Курбон Хусайни

Курбон Хусайни

Курбон Хусайни шоири шахир

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон?

Ба хонандаи гироми

Оғози сухан ба зоти Оллоҳ
Раҳмону Раҳим сифоти Оллоҳ
Ҳар лаҳза дуруди шоҳи лавлок
Чун туҳфа фиристамаш ба он пок
Мазҳаб чу ба Буҳанифа дорем:
Аз давлати у дар ифтихорем
Дар силки сулуки Муҳйиддинем
Ангушти сулукро нигинем
Ғафси ягона: қутби дин аст
Бингар лақабаш: ки Муҳйиддин аст
Маҳбуби Худои Безавол аст
Ошиқ ба Худои Лоязол аст
Ҳаст ошиқу маъшуқи илоҳи
Ҳар як ғазалаш диҳад гувоҳи
Азбаски муҳаббаташ қадим аст
Ҳамсуҳбати Холиқи Раҳим аст
Ҳар лаҳза ба қиблаи ниёз аст
Ру карда ба суи Бениёз аст
Номаш магири ту бе таҳорат
Гар дори фаросату маҳорат
Баргир ту китоби Ҳазрати Ғафс
Гар дори вузую поки аз лавс
Бархон ба вузуъ китоби эшон
То баҳра гири аз он фаровон
Қурбон бишавам ба номи покаш
Чун сурма кашам ба дида хокаш

Зи соғарҳои Доғули

Чаҳон маҳву хароб омад зи соғарҳои Доғули:
Сияҳпуш омад ин гардун зи ёварҳои Доғули?
Хазон шуд ғунча нашкуфта зи сарсарҳои Доғули:
Надидам аз вафо ҳарфе ба дафтарҳои Доғули?

Сабақомузи бадхоҳон:гиреҳбанди савобу хайр:
Ба зоҳир савмиа биншин: вале ботин ба суи дайр:
Мусулмон бар забон аммо:вале қалбаш ба суи ғайр:
Ҳамин аст мояву маҳсули минбарҳои Доғули?

Надидам дар ҷаҳон тухме чу у пурзаҳру бадҳосил:
Аз ин тухми наҷас руяд сияҳкору баду ҷоҳил?
Ба кори шар кунад кушиш ба хайру марҳамат коҳил:
Чунин аст: эй азизон: хайлу навкарҳои Доғули?

Ба ҳар як маърака сафдар: суханҳо гуяд аз ҳар бун:
Ба ҳангоми сухангуи ту гуи инак Афлотун?
Вале бо ёру марди худ суханҳояш дигар мазмун:
Гиёҳи зарқ месузад ба миҷмарҳои Доғули?

Ҳазорон шуру шар хезад зи пайдо гаштанаш ҳар дам?
Равад хурсанди аз дилҳо:нишинад ҷои у мотам?
Ба гушаш мерасад савти сагу хар ҳар нафас форам
Бувад зарқу фасоду фитна зеварҳои Доғули

Ба як дам сад фалокат хезад аз зери қудуми вай:
Намак хурдан^ вале туф бар намакдон аз русуми вай:
Ба шур овардани мардум:бале:афъоли шуми вай:
Чафою фитнаю туҳмат гули сарҳои Доғули?

Ғараз нону фасоду фитна шарбатҳои дилҷуяш:
Дуҳулзан Иблису раққоса Далла бар сари куяш:
Фасоду фитнаҳо резад зи ҳар як тораи муяш:
Чаҳон шуд аз ҳароми пур аз ин ғарҳои Доғули?

Зи пушти Даллаю Муҳтола омад насли Доғули:
Ҳарому аз ҳаё дуру палидак асли Доғули?
Бихон авроқи рангине кунун аз фасли Доғули:
Бигуям бо туву бишнав ҳама шарҳои Доғули?

Худоё: решаи ин заҳри қотилро бикан аз бум:
Бируб осори гарду чангу офатҳои рузафзун?
Иҷобат кун ту Қурбонро дуо: эй Қодири Бечун:
Ба хок яксон намо ин қасру манзарҳои Доғули?

Мухаммас бар ғазали устоди
гироми Салми Хатлони

«1»
Моҳи чордаҳу хешро суи Ҳилоли зар кашад,
Хоксори бандаро бар торуми ахзар кашид.
Ҳар зиёну суди мо раҳ ҷониби кайфар кашад,
«Ахгари мо пой бар домони хокистар кашад,
Оқибат бар хок афтад, ҳар ки боло сар кашид».

«2»
Ҳарфи хубу литфу хуш бар дустонат мекашад,
В-ар дори феъли бад, медон, ки онат мекашад.
Бадсиголи мизди худ аз хонумонат мекашад,
«Хуни ноҳақ ҷониби ҷабри замонат мекашад.
Мекунад бози ба хуни худ касе ханҷар кашад».

«3»
Аз такаббур хешро бало гирад аз меҳру маҳ,
Меситояд аҳлу байташро агар гирад қадаҳ,
Туф бар ин афроди бад, як бор не, се чору даҳ.
«Қадри одам бар намедорад ба хоки руи раҳ,
Соҳиби давлат ҷалолат аз мақоми зар кашад.

«4»
Рутббаш афзун шавад ҳар кас, ки созад отифат,
Хубу бад дар ҳар замон бо худ ҳамедорад сифат
Ҳар ки, Қурбон, пай барад з-ин маъни ёбад офият
«Қимати даврон чи хуш донист аҳли маърифат
Қадрдони аҳди дил бо аҳли дил соғар кашад».